, Ҷумъа, 27-декабр

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ

 30.04.2024 303

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ

Санаи 30.04.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи илмҳои комютерии факултети  физика ва математика конференсияи умумидонишгоҳии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Автоматикунонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот дар асоси технологияҳои муосир: усулҳо ва воситаҳои техникӣ”, ки бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” (Солҳои 2020-2040) ва соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.

Дар конфронс муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самарддинова Зайнаб, мудири кафедраи илмҳои компютерӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Шарипов Аламшо ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон суханронӣ намуда, конфронсро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, мудири кафедраи илмҳои компютерӣ, дотсент Шарипов Аламшо оид ба мавзуъҳои баррасишавандаи конфронс ба аҳли нишаст маълумот дод.

Баъдан, Ятимов Ҳомид - муаллими калони кафедраи илмҳои компютерӣ дар мавзуи “Системаҳои ахбории иқтисодӣ-асоси компютеронии идораи равандҳои иқтисодӣ”, Сулаймонов Убайдулло - муаллими калони кафедраи илмҳои компютерӣ дар мавзуи “Талаботи замони муосир ба ихтисоси WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ дар таъмини маҳсулоти полиграфӣ”, Сафаров С. - ассистенти кафедраи мазкур дар мавзуи “Муҳайё намудани заминаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Иброҳими Юсуф - ассистенти кафедра дар мавзуи “Автоматикунонии фаъолияти сохторҳои МТОК” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир конфронс бо мубодилаи афкор миёни устодоон ва донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат