, Якшанбе, 22-Феврал

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА

30.04.2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Маркази рушди касбият ва инноватсия маҳфили навбатии Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет доир гардид.

Дар маҳфил ҷонишини декан оид ба илм ва инноватсия Қаюмова Мубина, сармутахассиси Маркази рушди касбият ва инноватсия Ғаниев Фирӯз, номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Давлатова Фароғат, ассистенти кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Ситораи Абдурасул ва дигар донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст, ҷонишини декан оид ба илм ва инноватсия Қаюмова Мубина суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид ва оид ба мавзуъҳои баррасишаванда маълумот доданд.

Сипас, Давлатов Некрӯз - донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар мавзуи “Забон ва нутқ”, Ғозиева Соира - донишӯи курси 2-юми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Хабар ва махсусиятҳои жанрҳои хабарӣ”, Азимов Исматулло - донишҷӯи курси 4-уми факултет дар мавзуи “Тарҷумаи бадеӣ ва хусусияти он” баромад намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_e6oii16dcc5j83sh4g0r2aa58o in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_e6oii16dcc5j83sh4g0r2aa58o): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274