, Шанбе, 21-декабр

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 26.04.2024 364

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 26.04.2024 дар бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ - назариявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ» (дар ҳошияи паёми Пешвои миллат) баргузор гардид.

Дар кори конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, декани факултет, дотсент Ҳусайнзода Аминҷон, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ, дотсент Мазарипов Манучеҳр ва ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек баромад намуда, қайд намуд, ки воқеан қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар 6 ноябри соли 1994 ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд ва самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард. Арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, ҷонибдорӣ аз принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин эътирофи гуногуншаклии моликият, махсусан моликияти хусусӣ аз ҷумлаи пешравиҳо мебошанд, ки заминаи рушди сифатан нави давлат ва ҷомеа гардиданд.

Сипас, Азизаи Нурулло - асcистенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи “Нақши калидии маърифати ҳуқуқӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд”, Мирзоев Некқадам - асcистенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи “Тарбияи ҳуқуқӣ ва масъалаҳои он дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Самандаров Фариддун - ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи "Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар меҳвари Паёми Пешвои миллат" баромад намуданд.

Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи профессорону омӯзгорон ба анҷом расид.




Ба рӯйхат