,
Шанбе, 23-ноябр
Бо чунин ном 26.04.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафербек бо иштирокчиён ва ғолибони олимпиада ва озмунҳои донишгоҳиву ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки ректори донишгоҳ иштироки муваффақона ва ғолибияти онҳоро дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷиҳати муаррифии шоистаи донишгоҳ дастоварди назаррас арзёбӣ намуда, барои фаъолияти минбаъда ба онҳо муваффақият таманно намуд.
Дар вохӯрӣ доир ба масъалаҳои мубрами самти омодасозии донишҷӯён барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳо ва бартарафсозии камбудиву норасоиҳо ҷойдошта ибрози андеша шуд. Донишҷӯён низ дар навбати худ ҷиҳати беҳтарнамоии корҳо дар ин самт таклифу пешниҳодоти худро ироа намуданд.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» аз ҷониби Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардида, бо Сипоснома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он аз 47 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 23 муассиса корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ихтироотҳои донишҷӯёну магистрантон ва унвонҷӯёну докторантон аз рӯи ихтисос (PhD)-ро дар ҳаҷми 181 кори илмӣ ва лоиҳаҳои ихтироотӣ пешниҳод намуданд.
Тибқи хулосаву баҳогузории комиссияи экспертии озмун кори беҳтарини илмию таҳқиқотӣ ва лоиҳаҳои ихтироотии донишҷӯёну магистрантон ва унвонҷӯёну докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) муайян гардиданд.
Маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» таърихи 24.04.2024 дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид.
Дастаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» соҳиби 5 ҷойи ифтихорӣ гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд:
Назримадова Миҷгона Ёралиевна, донишҷӯи курси 5-уми факултети физика ва математика дар Бахши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ (физика), зери роҳбарии ассистенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ Шарипов Сафаралӣ сазовори ҷойи якум;
Шомадова Фарида Тоҷидиновна, донишҷӯи курси 1-уми факултети филологияи рус дар Бахши фанҳои гуманитарӣ (филология), зери роҳбарии дотсенти кафедраи забони муосири рус Шарифзода Одинамо сазовори ҷойи якум;
Давлатов Муҳаммад Шералиевич, донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисод ва идора дар Бахши иқтисодӣ, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Ҳасанова Фарзона сазовори ҷойи сеюм;
Исоева Фариза Муҳаммадҷоновна, магистранти курси 1-уми факултети химия ва биология дар Бахши фанҳои тиббӣ, зери роҳбарии дотсенти кафедраи биология Исупов Дилшод сазовори ҷойи ифтихорӣ;
Назаров Аминҷон, корманди Донишгоҳ дар Бахши ихтироъкорӣ ва навоварӣ, зери роҳбарии дотсент, мудири кафедраи илмҳои компютерӣ Шарипов Аламшо сазовори ҷойи ифтихорӣ.