,
Сешанбе, 03-декабр
Аз санаи 16 то 18-уми апрели соли 2024 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини “Самбо” миёни ҷавонон баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа донишҷӯёни зерини факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд:
Қурбонов Эмомалӣ – донишҷӯи курси якум дар вазни 53кг сазовори ҷойи якум ва бо диплому медали тилло сарфароз гардонида шуд.
Мирзоев Умар – донишҷӯи курси сеюм дар вазни 63кг сазовори ҷойи якум ва бо диплому медали тилло сарфароз гардонида шуд.
Қурбонов Абдулло – донишҷӯи курси якум дар вазни 71кг сазовори ҷойи якум ва бо диплому медали тилло сарфароз гардонида шуд.
Раёсати донишгоҳ донишҷӯёнро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барор мехоҳад.