, Шанбе, 23-ноябр

ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МУҲАҚҚИҚ ВА ИХТИРОЪКОРИ ҶАВОН" ВА “МАГИСТРАНТИ СОЛ”

 24.04.2024 1097

ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МУҲАҚҚИҚ ВА ИХТИРОЪКОРИ ҶАВОН" ВА “МАГИСТРАНТИ СОЛ”

Cанаи 24.042024  бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи илми тоҷик маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» баргузор гардид.

Дар кори маросими ҳавасмандгардонӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир, раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва иштирокчиёну ғолибони озмунҳои болозикр иштирок намуданд.

Дар ибтидо вазири маориф ва илм аз дастовардҳои вазорат дар самти илм ёдовар шуда, қайд кард, ки баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», «Магистранти сол» ва дигар озмунҳои илмӣ барои рушди илми тоҷик омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.

Дар идома ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» бо гирифтани диплому ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Хурсандибахш аст, ки аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 12 корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба озмун пешниҳод гардид, ки аз инҳо 5 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд:

Назримадова Миҷгона Ёралиевна, донишҷӯи курси 5-уми  факултети физика ва математика дар Бахши фанҳои табиатшиносӣ,  риёзӣ ва дақиқ (физика), зери роҳбарии ассистенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ Шарипов Сафаралӣ  сазовори ҷойи якум;

Шомадова Фарида Тоҷидиновна, донишҷӯи курси 1-уми  факултети филологияи рус дар Бахши фанҳои гуманитарӣ (филология) зери роҳбарии дотсенти кафедраи забони муосири рус Шарифзода Одинамо  сазовори ҷойи якум;

Давлатов Муҳаммад Шералиевич, донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисод ва идора дар Бахши иқтисодӣ зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Ҳасанова Фарзона сазовори ҷойи сеюм;

Исоева Фариза Муҳаммадҷоновна, магистранти курси 1-уми факултети химия ва биология дар Бахши фанҳои тиббӣ зери роҳбарии дотсенти кафедраи биология Исупов Дилшод сазовори ҷойи ифтихорӣ;

Назаров Аминҷон, корманди Донишгоҳ дар Бахши ихтироъкорӣ ва навоварӣ зери роҳбарии дотсент, мудири кафедраи илмҳои компютерӣ Шарипов Аламшо сазовори ҷойи ифтихорӣ.

Ҳамчунин дар идома ба Шарифзода Одинамо, дотсент ва Шарипов Сафаралӣ- ассистент бо назардошти муваффақияти шогирдон дар озмуни “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” Сипоснома ва ба Қурбонова Умеда, дотсент, сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ ҷиҳати фаъолияти назаррас Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки тибқи маълумоти пешниҳодгардида озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он аз 47 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 23 муассиса корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ихтироотҳои донишҷӯёну магистрантон ва унвонҷӯёну докторантон аз рўи ихтисос (PhD)-ро дар ҳаҷми 181 кори илмӣ ва лоиҳаҳои ихтироотӣ пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон, як қатор кормандони соҳаи илму маориф бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» - и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи илми тоҷик сарфароз гардиданд.

Дар охир дар иҷрои оркестри эстрадии назди Консерваторияи миллии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир гардид.




Ба рӯйхат