,
Ҷумъа, 27-декабр
24.04.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ конференсияи ҷамъбастии лоиҳаи ТРИГГЕР “Ҷалби равандҳои инноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кор таъминкунии хатмкардагони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ” (617309-EPP-1-2020-1-SK-EPPKA2-CBHE-JP TRIGGER) бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки донишгоҳ шарики лоиҳаи мазкур буда, лоиҳа аз соли 2021 инҷониб дар доншгоҳ татбиқ мегардад. Дар доираи лоиҳа 15 нафар омӯзгорони донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи касбият дар се муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Аврупо ва шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон дар омӯзишҳо дар самти “Рушди малакаҳои соҳибкорӣ ва бакортаъминшавии хатмкунандагон” иштирок намуда буданд. Натиҷаҳои омӯзиш аз ҷониби иштирокчиён дар донишгоҳ бо роҳи баргузории тренингҳо ба омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ омӯзонида шуд.
Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи мазкур ба маблағи 5000 евро китобҳои муосири дар самти рушди малакаҳои соҳибкорӣ ҳамчун дастурамали таълимӣ, харидорӣ ва ба донишгоҳ ворид карда шуд.