, Сешанбе, 10-декабр

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ШАҲРИ КӮЛОБ ДАР ДОНИШГОҲ

 24.04.2024 312

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ШАҲРИ КӮЛОБ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз (24.04.2024) дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ки дар он раиси Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳри  Кӯлоб- Ғанизода Мансур Қадаммурод,  Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, ҳамзамон ректори Донишгоҳ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор-Раҳмон Дилшод Сафарбек, роҳбарону намояндагони сохторҳои марбута ва фаъолону ходимони дин иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами рӯз, ҳолати риоя ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб дар давраи соли 2023 ва 3 моҳаи аввали соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 18 октябри соли 2022 дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва амалиёти густурдаи ифротиву террористӣ рӯбарӯ гардида буд. Имрӯз мо бо итминони комил изҳор медорем, ки ба шарофати ваҳдату дастгирии мардум ва сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар аз вартаи он фоҷеа раҳо ёфт. Аз ин рӯ, мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатар ва пайомадҳои ин зуҳуроти ниҳоят харобиовар ҳушдор медиҳем. Маҳз ба ҳамин хотир, Тоҷикистон дар ҳамаи кӯшишҳо ва тадбирҳои байналмилалӣ ба хотири решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб фаъолона ширкат намуда, яке аз иштирокдорони фаъоли ҷомеаи байналмилалии зиддитеррористӣ гардид.

 Инчунин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки санаи 9 марти соли 2024 баргузор гардид, қайд карданд, ки “Сохтору мақомоти дахлдори кишвар дар асоси барномаҳо ва дигар санадҳои қабулнамудаи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин меъёрҳои қонунгузорӣ бар зидди таҳдидҳои зикргардида муборизаи муташаккилонаро ба роҳ мондаанд ва Тоҷикистон имрӯз ба сифати кишвари пешсаф дар самти мубориза бо терроризму экстремизм эътироф гардида, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок мубориза мебарад.” Ҳамзамон, дар ҳамин баромадашон Пешвои миллат қайд карданд, ки “ҳар яки мо вазифадорем дар назди наслҳои имрӯзу оянда, барои тақдири Ватан, давлат ва миллат масъулият дорем, ки рӯ ба мактабу маориф оварем, барои фарзандонамон шароит муҳайё кунем, ки бесавод намонанд, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд.

Ин вазифаи ҷонии падару модарони азиз, аҳли маориф, роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, зиёиён, фаъолон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа, аз ҷумла ходимони дин мебошад”.

Баромадкунандагон дар заминаи таҳлилу баррасиҳо сабаби асосии шомилшавии ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав аз паст будани сатҳи маърифатнокӣ, таълиму тарбия, носолимии оила, мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ арзёбӣ намуданд.

Дар идома фаъолияти мақомоти  прокуратураи шаҳри Кӯлоб дар давраи соли 2023 ва 3 моҳаи аввали соли 2024 натиҷагирӣ шуда, таъкид карда шуд, ки аз ҷониби роҳбарият ва кормандони прокуратураи шаҳри Кӯлоб бо мақсади пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноятҳо, таҳдиду хатарҳои муосири терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ, ҷинояткориҳои дигари муташаккили фаромиллӣ ва таъмин намудани амнияти мудофиавии кишвар мунтазам дар ҷамоатҳои деҳоту маҳаллаҳо, масҷидҳо корхонаву ташкилотҳои дар шаҳри Кӯлоб ҷойдошта бо зиёиёну аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат бо экстремизму терроризм, муайян намудани саркардагони пайравону аъзои гуруҳҳои ифротӣ, ҷоннок намудани оғози парвандаҳои ҷиноятӣ, нисбати ин гуна шахсони ифротгаро, дар ин замина муайян намудани маблағгузории онҳо дар амалӣ намудани корҳои ғайриқонунӣ, ки ба манфиатҳои миллӣ таҳдид мекунад, инчунин оид ба хурофотпарастию рафтори ҷавонон, хусусан онҳое, ки мунтазам ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки баъзе шахсони махсуси ҷиноятпеша барои ҷалб кардани шаҳрвандону ҷавонони мо ба гурӯҳҳои ифротиву ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ аз шабакаҳои интернетӣ истифода бурда, ақида ва ғояҳои ташкилоти экстремистӣ-террористиро дар шабакаи интернетӣ паҳн мекунанд, ки мо бояд саддӣ роҳи ин шуда, ба ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳи гузаронем, то ки ба ин шабакаҳо ворид шуда, ба ақидаҳои нопоки гурӯҳҳои террористон шомил нагарданд.

Дар муҳокимаи мавзуъҳои баррасишуда аъзои Шуро ва дигар иштирокчиён фаъолона иштирок намуда, фикру андеша ва таклифҳояшонро иброз намуданд.

Дар охир вобаста ба тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб оид ба таъмини иҷрои қонунгузориҳо дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм, баҳри бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳои ҷойдошта қарори дахлдор қабул карда шуд.




Ба рӯйхат