,
Шанбе, 23-ноябр
Таҳти унвони мазкур 20.04.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бо ташаббуси кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик ва журналистика бахшида ба 50-умин солгарди фаъолияти эҷодии Муҳаммад Ғоиб-Шоир халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия аҳли илму адаб, соҳибони каломи мавзун: Муҳаммад Ғоиб- Шоири халқии Тоҷикистон, Ато Мирхоҷа - муовини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ҳақназар Ғоиб - Шоири халқии Тоҷикистон, Сафар Амирхон; муҳаққиқ, Мисҳобиддин Нарзиқул - доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Обидзода Фозил- раиси Фраксияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон, ҳайати васеи устодону донишҷӯён ва мухлисони каломи бадеу намояндагони Васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Кори конфронс бо тамошои намоиши китобҳо дар даромадгоҳи бинои асосии донишгоҳ шуруъ гардида, дар толори фарҳангӣ идома ёфт. Ректори донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёнро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки ҳамоиши илмиву фарҳангӣ, дар ҳоишия дастуру супоришоти хирадмандонаву маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои маҳбубу маърифатафзои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тарбияи маънавии шаҳрвандон ва ҷомеаи кишвар баргузор мегардад. Дар ин роҳи маърифатафзоӣ ва хештаншиносии ҷомеа нақши адибону суханпардозон муассир аст.
Дар воқеъ, адабиёти форсу тоҷик дар арсаи адабиёти ҷаҳон нигине басо пурарзиш ва бебаҳост, ки дурри маънии он дурахши ахтарони осмонҳои илму адаби тоҷику форсро ба маротиб афзудаву зиннатбахши ҷомеаи мутамаддин гардидааст. Хурсандиовар аст, ки хазинаи пурганҷи ин адабиёти гаронарзиш рӯз то рӯз боз ҳам ғанӣ гардида истодааст.
Шоирони манотиқи гуногуни Тоҷикистон дар ҳавзаҳои гуногуни адабӣ даври ҳам гирд омада, кӯшиш карданд, ки пайравони асили аҷдодони хеш бошанд ва сифати шеърро дар он сатҳу дараҷае, ки буд, нигоҳ дошта тавонанд.
Дар нишасту доираҳои адабии минтақаи Кӯлоб шоирони ҷавону лаёқатманд ба воя мерасиданд, ки соҳибдевону соҳибкитоб буда, боиси ғановати хазинаи адабиёти муосири тоҷик гардидаанд. Дар радифи номи шоирони бузурги тоҷик, ки шогирдони доираҳои адабии гуногуни кишвар маҳсуб меёбанд, метавон номи шоирони соҳибқалами доираи адабии Кӯлоб- мисли Саидалӣ Вализода, Мирзолатиф Раҳимзода, Сомеи Одиназода, Ашӯр Сафар, Саидҷон Ҳакимзода, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Раҷабалии Роғӣ, Ҳақназар Ғойиб, Сафар Айюбзодаи Маҳзун ва дигаронро қайд кард, ки дар сабку услуб, интихоби мавзуъ ва мундариҷаи осор ниҳоят олӣ ва соҳибкаламонд. Дар ин миён Муҳаммад Ғоийб ҷойгоҳи махсусро касб карда, бо осори пурмуҳтавояш диққати аҳли илму адаби форсизабонони дунёро ба худ ҷалб намудааст.
Дарвоқеъ, Муҳаммад Ғоиб- Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ, аз ҷумлаи шоирони номдору ватансаро ва ватандӯсти Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки дар рушду ташаккули назму насри муосири тоҷик саҳми ниҳоят бузургу қиёснашаванда дорад. Ӯ аз ҷумлаи адибонест, ки нақшаш дар рушди маънавиёти ҷомеа ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ низ ниҳоят барҷаста аст. Тавонмандиҳои эҷодӣ ва офаридаҳои мондагор меҳри ӯро дар дили мардумони адабдӯсту фарҳангпарвар то рафт қавию мондагортар гардонидааст.
Доманаи мавзуоти эҷодиёти шоир ниҳоят васеъ ва фарогири тамоми масоил буда, дар ин баробар, ифтихор аз ватану муҳаббат ба хоку оби ин диёр ва тасвири манзараҳои дилкаши ин сарзамини биҳиштосо мавзуи асосии ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоибро ташкил медиҳад.
Адиб дар ҳар шеъру тарона тобишҳои нав ба нави ин мавзуъро бо ибораҳои нозук, шеваи ширин ва ҳунари баланди шоирӣ ба қалам дода, дар оинаи ҳар нигоҳи нек биҳиштрангии Ватан ва мардуми вафодору ҷонфидояшро мебинад ва роҳи ҷовидонаи мулки меросиро аз ҳар қадами эшон меҷӯяд.
Сипас, шоирон Ато Мирхоҷа, Ҳақназар Ғоиб, Сафар Амирхон, муҳаққиқон Мисҳобиддин Нарзиқул-профессор, Ёралӣ Содиқов-дотсент доир ба паҳлуҳои ҳаёту фаъолияти эҷодӣ ва таҳлили мавзуъҳои ашъори шоир суханронӣ ва маърӯзаи илмӣ намуданд.
Дар идома устод Муҳаммад Ғоиб-Шоири халқии Тоҷикистон ҷиҳати ташкилу баргузор намудани чунин як ҳамоиши илмиву фарҳангии сатҳи баланд ба роҳбарияти донишгоҳ ва созмондиҳандагони он миннатдории самимӣ баён намуда, зимни суханронӣ аз овони ҷавонӣ ва замони донишандӯзиву таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ёдовар шуд. Ҳамчунин аз ашъори худ порчаҳои шеъриро ба аҳли нишаст қироат намуда, ҳамагонро барои дӯст доштани марзу бум ва садоқат ба халқу миллат даъват намуд.
Инчунин, дар кори конференсия раиси Фраксияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон - Обидзода Фозил иштирок карда, Сипосномаи Фраксияи ҲХДТ- ро ба устод Муҳаммад Ғоиб тақдим намуд.
Баъд аз ҷамъбасти қисмати ифтитоҳӣ кори конференсия тибқи Барнома дар нимаи дуюми рӯз дар ду бахш: “Рӯзгор ва осори Муҳаммад Ғоиб” ва “Мавзуи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар даврони истиқлол”, бо шунида шудани 22 маърӯзаи илмии олимону муҳаққиқон идома ёфт.
Қобили қайд аст, ки маърӯзаҳои пешниҳодшуда дар шакли маҷмӯа-маводи Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 50-умин солгарди фаъолияти эҷодии Муҳаммад Ғоиб-Шоир халқии Тоҷикистон рӯйи чоп омада, дастраси меҳмонону маърӯзачиён гардонида шуд.