,
Ҷумъа, 27-декабр
Санаи 20.04.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии раиси Фраксияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон - Обидзода Фозил, бо ҳайати раёсат ва аъзои Шурои олимони донишгоҳ дар ҳошияи тантанаҳо бахшида 30-юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ таҳти унвони “БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ” баргузор гардид.
Вохӯрӣ бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек оғоз гардид. Устод зимни баромади худ иброз доштанд, ки дар ҳар давру замон башарият дар ҷодаи давлатдориву давлатсозӣ ба маҷмӯи андешаҳои созандаву бунёдкор ва таҳрикдиҳанда ба суйи пешрафт ва фардои дурахшон зарурат дорад. Хурсандибахш аст, ки мардуми шарфманди тоҷик чунин андешаҳои созандаро дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» ва азму талшоҳои пайвастаи Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт, ки роҳи моро ба сӯйи ояндаи дурахшон ва давлати милливу ваҳдати пойдор, ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагӣ пайваста равшан мегардонад.
Бо ифтихор ва шарафмандӣ халқи иззатманди Тоҷикистони азиз имрӯзҳо 30-юмин солгарди таъсисёбии «нерӯи созанда, қувваи пешбаранда ва такягоҳи боэътимоду муттакои ҳамешагии мардум- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон»-ро дар замони гулгулшукуфоии ватани соҳибистиқлол таҷлил намуда истода, зери ливои сулҳу ваҳдат ва ҳамдилию ҳамбастагии сартосарӣ дар роҳи расидан ба аҳдофи бузурги миллатсозиву давлатдорӣ қадамҳои устувор гузошта истодаанд.
Дар идома раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон- Фозил Обидзода, ба сухан баромада иброз намуд, ки воқеан ҳам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти худ тавонист, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намуда, баҳри таъмини зиндагии шоиста мардум иқдомоти наҷибу шоистаеро рӯйи кор оварад. Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун барномаи мукаммали давлатдорӣ фарогири ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар масъалаҳо ҷомеаи мо мебошад.
Дар ин баробар таъкидот ва нуктаҳои волоро аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда, ёдовар шуданд, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум нақши сазовор мегузорад”. Ҳамчунин иброз доштанд, ки рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошад.
Дар воқеъ, ҲХДТ таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дилпурона пеш меравад ва дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ ба дастовардҳои бемислу монанд ноил мегардад. Аз самари фаъолияти густурда ва заковатмандонаи роҳбарияти олӣ ва ҳизбиён сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа рӯз ба рӯз густариш ёфта, ба шарофати ҳамин сиёсати созандаву бунёдкорона сатҳи зиндагии мардум торафт баланд мегардад.
Талошҳои пайгирона ва иқдомоти оқилонаи мардум дар робита ба амалӣ намудану пиёдагардонии Нақшаву Барномҳои бузурги созандагиву бунёдгаронаи ҲХДТ шаҳодат аз он аст, ки ин ҳизб, ҳизби созанда, бунёдкор, раиятпарвар ва дар умум ҳизби мардумист.
Дар интиҳои вохурӣ ректори донишгоҳ бо назардошти фаъолияти наззаррасу густурда аз ҷониби Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.
Дар зимн профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни сухани ҷамъбастӣ таъкид доштанд, ки ҳайати устодону кормандон ва муҳаққиқони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бар он мекӯшанд, ки дар доираи имконияту салоҳиятҳои худ ва қобилияти баланди касбӣ, донишу маърифати баланди сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа ва омода намудани мутахассисони соҳибкасбу рақобатпазир саҳми назаррас гузошта, пайрави асили Пешвои миллат бошанд.