, Якшанбе, 10-ноябр

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

 18.04.2024 242

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.

Хушбахтона, соли 4-ум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат” дар сартосари кишвари маҳбубамон гузаронида мешавад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҳамасола дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати тарбия ва омодасозии мутахассисони ҷавон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардонида мешавад. Имрӯз (18.04.2024) дар донишгоҳ мутобиқи фармоиши ректор даври донишгоҳии озмун бо иштироки муовини ректор оид ба илм инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, деканону мудирони кафедраҳо ва иштирокчиёни даври донишгоҳии озмун баргузор гардид.

Дар рафти баргузории ҷаласаи ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Рафиев Сафархон, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Саттор Ғаффоров, номзади илмҳои педагогӣ Бобоев Бахтиёр доир ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва нақши илм дар рушду инкишофи ҷомеаи башарӣ изҳори андеша намуда, ба кори озмун барору комёбиҳо таманно намуданд.

Ҳамчунин дар идома сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар баромад намуда, тартиби баргузории озмунро тибқи муқаррароти Низомнома, бори дигар, ба иштирокчиён фаҳмонид. Ҳамчунин зимни баромад тартиби ба роҳ мондани корро дар бахшҳо, ки нимаи дуюми рӯз идома ёфт, ба ҳозирин фаҳмонид.

Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор гардид, ки маҷмӯан дар даври донишгоҳӣ 58 нафар иштирок намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар даври аввали озмун 156 нафар донишҷӯён иштирок намуда буданд. Дар даври донишгоҳӣ иштирокчиён малакаю маҳорат ва донишҳои худро нишон дода, беҳтаринҳо ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.




Ба рӯйхат