,
Якшанбе, 08-декабр
15.04.2024 дар шаҳри Тошканд Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шарипов Конгратбай, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар иштирок намуданд. Дар форуми мазкур ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ва муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Худойдодова Шарофат иштирок доранд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи форум нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирамоновичро дар баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд махсус қайд намуда, иброз дошт, ки шуруъ аз соли 2017 ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои илму маориф вусъати тоза пайдо кард.
Қайд гардид, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе Форуми якуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар он 20 шартномаи ҳамкории байнидонишгоҳӣ ба имзо расид. Дар натиҷаи ба имзо расидани чунин созишномаҳо шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷику ӯзбек дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар таҳсил намуда, соли гузашта беш аз 100 нафар омӯзгорони донишгоҳҳои Тоҷикистон аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон дидан карданд.
Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Донишгоҳии давлатии иқтисоди Тошканд бо иштироки намояндагони 17 донишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28 донишгоҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон идома дорад. Дар доираи ин форум як қатор шартномаҳои ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар баста шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар доираи ин Форум Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Тошканд, Донишгоҳи давлатии техникии Ӯзбекистон ба номи Ислом Каримов, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди МТОК ду кишвар бо мақсади рушди соҳаи маориф, илм ва инноватсия, ҳамгироии барномаҳои гуногунсамти таълимӣ, табодули таҷрибаи байниҳамдигарӣ арзёбӣ мегардад.