,
Ҷумъа, 27-декабр
Хушбахтона, соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати хирадмандонаву маърифатпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи рушд ва пешрафти босуботи тамоми соҳҳоти кишварро фароҳам овард. Дар ин даврон дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илм ҷойгоҳи хосса касб намуда, мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти олии кишвар қарор гирифт. Дар ин радиф таҷлили Рӯзи илми тоҷик баёнгари он аст, ки фазои маърифативу маънавии кишвари мо дар садаи нави таърихӣ рӯ ҷониби падидаҳои илмиву фарҳангӣ дорад ва устувор гардидани мавқеи илм дар соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоиёти кишвар гувоҳи натиҷаҳои илмии олимони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Тавре қаблан иттилоъ дода будаем, ба муносибати ин рӯйдоди фараҳбахш ва маърифатафзо, яъне «Рӯзи илми тоҷик 15-уми апрел» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 8 то 13-уми апрели соли 2024 “Ҳафтаи илм” эълон гардида буд ва дар доираи нақшаи баргузории маҳфилҳои илмӣ давоми ҳафтаи мазкур дар донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» (солҳои 2020-2040) ва соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар 10 факултет ва 37 бахш баргузор карда шуд, ки дар он маҷмуан беш аз 1000 мақолаи олимону профессорон, устодону омӯзгорон, магистрантону докторантони PhD ва донишҷӯёни донишгоҳ мавриди баррасиву хулосабарориҳо қарор дода шуд, ки фишурдаи онҳо дар маҷмӯаи маводи конфронс рӯйи чоп хоҳанд омад.
Имрӯз (15.04.2024) дар зимни баргузории ҳамоиш доир ба натиҷагирии раванди конференсия дар донишгоҳ ба як гурӯҳ олимону профессорон ва устодону омӯзгорон барои дастовардҳои назарраси илмӣ-таҳқиқотӣ, иштирок ва маърӯзаи беҳтарин ва ҳамчунин ба ҷумлае аз донишҷӯён ҷиҳати иштироки фаъолона сипосномаи ректори донишгоҳ супорида шуд.