,
Якшанбе, 22-декабр
Имрӯз (15.04.2024) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии «Шоҳномадон» баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, роҳбари маҳфил, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.
Сараввал декани факултет Зулфиев Гадомад суханронӣ намуда, қайд карданд, ки “Дар арсаи байналмилалӣ ҳар як халқу миллатро аз рӯйи фарҳанг ва тамаддуни бузургаш мешиносанду қадр менамоянд. Бисёре аз бузургон дар саҳифаҳои таърих мавқеъ гирифтаанд. Яке аз онҳо Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, ки бо асари безаволи худ “Шоҳнома” машҳури олам гардидааст”.
Асари бузургтарину гиромитарини тоҷикону эрониён «Шоҳнома» - и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ чун баҳри бекарони пур аз дурдонаҳои сухани порсӣ, мебошад, ки ин шоҳкори бемарг моро ба саргузашти шаш ҳазор солаамон ошно карда, метавонад тоҷиконро ба худшиносии миллӣ ва худогоҳии таборӣ расонад, қайд карданд роҳбари профессор Ашурова Нодира.
Сипас, донишҷӯи курси чоруми факултет Азимов Исматулло дар мавзуи ““Шоҳнома” ва таъсири амиқи он дар фарҳангу таърихи мардуми форсу тоҷик” ва донишҷӯи курси чоруми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Нуридинзода Моҳру дар мавзуи “Васфи дониш ва накӯҳиши бехирадӣ дар “Шоҳнома” маърӯзаҳои худрои ироа намуданд.
Маҳфил бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён ба охир расид.