,
Панҷшанбе, 26-декабр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Рӯзи илми тоҷик аз санаи 08.04.2024 то 13.04.2024 "Ҳафтаи илм" эълон шуда, дар он баргузории маҳфилу конференсияҳои илмӣ дар назар дошта мешавад. Дар ин робита имрӯз (08.04.2024) дар донишгоҳ конфронси илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба натиҷагирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 ба муносибати Рӯзи илми тоҷик ва ҳамчунин ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” (солҳои 2020-2040) ва соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.
Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор, деканони факултетҳо, раёсат, ҳайати профессорон, омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ва намояндагони ВАО ширкат доштанд.
Ҳайати устодон ва меҳмонон, дар аввал, аз намоиши дастовардҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати олимон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар соли 2023 дар даромадгоҳи бинои асосии донишгоҳ дидан намуданд.
Сипас, кори конфронс дар толори фарҳангӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар идома ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ва натиҷагирӣ аз корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати олимон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар соли 2023 ва нақшаҳо барои соли 2024 зикр намуданд, ки “Хушбахтона, соҳибистиқлолии кишвар заминаи рушд ва пешрафти босуботи тамоми соҳҳоти кишварро фароҳам оварда, дар ин марҳила дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илм ҷойгоҳи хосса касб намуд ва мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти олии кишвар қарор гирифт. Таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф, дастуру супоришҳо ва роҳнамоиҳои хирадмандонаву маърифатпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи навбатии рушди давлатдории миллӣ бо назардошти истиқболи шоиста аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди ояндаи дурахшон барои наслҳои оянда, дар назди мо аҳли илму маориф вазифаҳои мушаххас гузоштаанд.
Дар ин роҳи шоистагиву маърифатафзоӣ моро зарур аст, ки фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотиро бо масъулияту садоқати бештар ва синасӯзона ба роҳ монда, вазифаи асосии хеш - омодасозии мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат ва таъминкунандагони рушди устувори кишварро сарбаландона иҷро намоем”.
Бояд тазаккур дод, ки таҷлили Рӯзи илми тоҷик баёнгари он аст, ки фазои маърифативу маънавии кишвари мо дар садаи нави таърихӣ рӯ ҷониби падидаҳои илмиву фарҳангӣ дорад ва устувор гардидани мавқеи илм дар соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоиёти кишвар гувоҳи натиҷаҳои илмии олимони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Ҳамчунин дар идома таъкид доштанд, ки имрӯзҳо дар 37 кафедраи амалкунандаи донишгоҳ аз рӯи 18 равия, 25 проблема ва 28 мавзуъ омӯзгорон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буда, ҳамасола ба табъу нашр, таҳияи рисолаву монография ва китобҳои таълимию методӣ машғул мебошанд.
Айни замон, дар ҳамаи кафедраҳои донишгоҳ 521 нафар омӯзгорони доимӣ, аз ҷумла: 9 нафар доктори илм-профессор, 2 нафар зан; 80 нафар номзади илм, дотсент, 23 нафар зан; 1 нафар дотсент, беунвон; 41 нафар номзади илм, муаллими калон, 19 нафар зан; 143 муаллими калон, 51 нафар зан; 227 нафар ассистент, аз ҷумла зан 94 нафар ҷиҳати пешбурди фаъолияти таълимию методӣ саъю талош менамоянд.
Дар соли 2023 35 нафар унвонҷӯёну докторангни PhD-и Донишгоҳ рисолаҳои номзадии хешро дифоъ намудаанд. Ин дастовардро сараввал ба худи устодон ва сипас ба кулли коллективи олимону омӯзгорони донишгоҳ табрик мегӯям.
Мавриди зикр аст, ки дар се моҳи аввали соли 2024 аз ҳайати устодону омӯзгорони донишгоҳ як нафар (Сафарзода М.В.) рисолаи докторӣ ва 3 нафар рисолаи номзадии худро дифоъ намуда, инчунин санаи ҳимояи 12 нафар унвонҷӯи дигар низ маълум гардидааст.
Ин нукта низ фараҳбахш аст, ки айни замон 48 нафар унвонҷӯён ва хатмкардагони зинаи докторантураи PhD рисолаҳои илмии худро таҳия намуда, дар арафаи пешниҳод ба шуроҳои дифоъ қарор доранд.
Сипас, тибқи барномаи конференсия Ашурова Нодира Ҷумаевна - доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик ва журналистика дар мавзуи “Зан ва сиёсат: нақши занони «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар сарнавишти кишвар ва подшоҳӣ”, Фатҳуллозода Абдухолиқ Фатҳулло - декани факултети молиявию иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент дар мавзуи “Нақши саноатикунонии босуръати кишвар дар рушди саноати миллӣ”, Исозода Парвиз Асадулло - декани факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи “Принсипи эҳтироми умумии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд”, Мадасани Азизмад - магистранти курси 2-юми ихтисоси географияи факултети иқтисод ва идора дар мавзуи “Раванди обшавии пиряхҳо аз таъсири тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он” бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.
Дар бахши музокирот муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон доир ба раванди ҳамоишҳои илмӣ дар доираи “Ҳафтаи илм” дар донишгоҳ маълумоти муфассалро ироа намуда, таъкид доштанд, ки кор дар бахшҳо аз рӯзи 09.04.2024. то 13.04.2024 бо шунидани беш аз 1000 мақолаи ҳайати олимон, устодону донишҷӯён идома меёбад.