, Сешанбе, 30-апрел

БАРГУЗОРИИ  ДАРСИ КУШОД

 06.04.2024 6

БАРГУЗОРИИ  ДАРСИ КУШОД

Санаи 6-уми апрели соли 2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби ассистенти  кафедраи журналистика Абдуллоева Шабнам дарси кушод дар мавзуи “Жанрҳои иттилоотӣ дар ВАО” дар гурӯҳи таълимии 204-и ихтисоси рӯзноманигорӣ баргузор гардид.

Дар дарс мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид, муаллими калони кафедра, номзади илмҳои филологӣ Сафарзода Манучеҳр ва донишҷӯёни гурӯҳи мазкур ширкат варзиданд.

Нахуст, муаллим Абдуллоева Шабнам доир ба  навъҳои жанрҳои хабарӣ ва истифодаи васеи онҳо дар ВАО ибрози андеша намуд.

Сипас, донишҷӯёни гурӯҳ як-як вобаста ба мавзуи мазкур ва бандҳои жанрҳои хабарӣ аз қабили хабар, мусоҳиба, репортаж, ҳисобот ва мухбирнома баромад намуданд.  

Инчунин ҳангоми дарс муаллим ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои додаи муаллим посухҳои мушаххас гардониданд.

Дар фарҷом ҳозирин дарсро хуб арзёбӣ намуданд.




Ба рӯйхат

*/