,
Ҷумъа, 27-декабр
Санаи 6-уми апрели соли 2024 дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб даврии вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон - Анзурат Абдусаломзода, раиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Хатлон - Фариза Абдуллозода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб - Арафамо Даминзода, сардорони шуъбаю муассисаҳои таълимӣ ва дигар сохторҳои МИҲД шаҳри Кӯлоб, ҳамзамон донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Нахуст, дар назди Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, сӯзандӯзию гулдӯзӣ, заргарӣ, тарроҳӣ ва дигар санъати мардумӣ аз тарафи тарроҳону чирадастони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб пешкаши меҳмонон гардонида шуд.
Сипас, тибқи барнома қисмати дуюми чорабинии мазкур дар толори қаср идома ёфт.
Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, зимни сухани ифтитоҳӣ ба ташрифи корвони Модарони ваҳдатсаро ва ҷамъбасти даври вилоятии фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» аз номи раиси вилояти Хатлон ҳозиринро табрик намуда, қайд намуд, ки “Халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо бо шарофати шахсиятҳои муборизу ҷасур, ватандӯсту меҳанпарвар, донишманд ва бонангу номус, тавонистааст, ки бо ганҷинаи таърих ва тамаддуни башар саҳми мондагор гузорад”.
Инчунин, дар суханронии худ доир ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва саҳми Пешвои миллат барои расидан ба сулҳи деринтизори халқи тоҷик дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва баргузории даври вилоятии фестивали «Сад ранги чакан», ки дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ҳамчун иди фарҳангӣ баргузор карда мешавад, қайд намуд муовини раиси вилоят - Анзурат Абдусаломзода.
Баъд аз суханронӣ барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ аз ҷониби аҳли ҳунари бахши фарҳанги шаҳру минтақаи Кӯлоб пешкаши ҳаводорони санъати мусиқӣ гардонида шуд.
Дар фарҷом фаъолони чорабинӣ бо туҳфаҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сафароз гардонида шуданд.