, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”

 05.04.2024 291

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаю маҳорати аҳолии мамлакат имрӯзҳо дар саросари кишвар як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд, ки яке аз онҳо ин озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ба шумор меравад.

Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-ватани азизи ман” таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони истиқлоли давлатӣ, ба роҳ монда шудааст.

Дар ин баробар санаи 05.04.2024 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гардид.

Ҳайати комиссияи озмунро муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Сафарзода Мунир, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Нурулло Холов, роҳбари Хонаи маданияти донишгоҳ Имомов Ҷамшед ташкил медоданд.

Дар озмун 11-нафар донишҷӯ аз рӯи 3 номинатсия: номинатсияи рассомӣ, сарояндагӣ анъанавӣ ва эстрадӣ ва навозандагӣ ширкат варзиданд.

Ёдовар бояд шуд, ки соли гузашта Одинаев Фазлиддин, корманди бахши фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯи “Номинатсияи навозандагӣ” соҳиби ШОҲҶОИЗА ва 50 000 сомонӣ гардид. Инчунин Қаландарбекова Моҳбибӣ, донишҷӯи соли 4-уми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг дар жанри анъанавии “Номинатсияи сарояндагӣ” (аз 18 то 40-сола) сазовори Дипломи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” гардид.




Ба рӯйхат