, Сешанбе, 30-апрел

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОН”

 05.04.2024 10

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОН”

Санаи 5 апрели соли 2024  дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Математикони ҷавон”-и назди кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедра, номзади илмҳои физика-математика, дотсент Каримова Назокат, муаллими калони кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо, ҳамзамон роҳбари маҳфил Кулобиев Мирзо ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.

Нахуст, роҳбари маҳфил Кулобиев Мирзо баромад намуда, оиди пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуданд.

Сипас, донишҷӯи курси дуюм факултет Некрӯзи Каримхуҷа дар мавзуи “Ҳалли муодилаи лапиши Тор бо методи Фуре” ва донишҷӯи дигари факултет Шерализода Нурмуҳаммад дар мавзуи “Системаи муодилаҳои хатти дуномаълума” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаҳои омӯзгорону донишҷӯён ба охир расид.




Ба рӯйхат

*/