, Чоршанбе, 03-июл

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 04.04.2024 113

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз (04.03.2024) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети химия ва биология конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши саноати металлургӣ дар рушди иқтисоди кишвар дар давраи соҳибистиқлолӣ” оид ба амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегии давлат “Саноаткунонии босуръати кишвар, солҳои 2022-2026” баргузор гардид.

Дар конфронс сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои педогогӣ, дотсент Шарипов Анвар, декани факултет, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Исупов Дилшод, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он, номзади илмҳои химия, дотсент Холиқов Сафар, мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он, номзади илмҳои педагогӣ Бобоев Бахтиёр ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Конференсия бо сухани ифтитоҳшии сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар оғоз гардида, дар идома мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он номзади илмҳои педагогӣ Бобоев Бахтиёр оид ба мавзуъҳои баррасишавандаи конфронс ба аҳли нишаст маълумот дод.

Зимнан,  Холиқов Сафар, номзади илмҳои химия, дотсент дар мавзуи “Рушди металлургияи ранга дар давраи соҳибистиқлолии кишвар”, Хоҷаев Исроил, ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими он  дар мавзуи “Нақши заводи алюминийи тоҷик дар рушди саноатикунонии босуръати кишвар вобаста ба эълони гардидани солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат”, Ёрмадов Рустам, ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими он  дар мавзуи “Нақши саноати металлургӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар” ва Каримова Паричеҳра - донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Нақши истеҳсоли намаки ошӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Қайд гардид, ки соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҳар як кишвар нақши муҳим дорад, зеро рушди соҳаи саноат дар таъмини иқтидори захиравии иқтисодиёт ва равандҳои такрористеҳсолии он, фароҳамсозии вазъи устувори иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши калидӣ мебозад. Аз лиҳози муҳимияти соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти миллӣ дар марҳилаи муосир аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи саноатикунонии соҳаҳои иқтисодиёт ба мақоми аввал гузошта мешавад.

Дар идомаи конфронс  аз  ҷониби донишҷӯёни факулта якчанд таҷрибаҳои химиявӣ нишон дода шуд.




Ба рӯйхат