,
Ҷумъа, 27-декабр
Ҳайати устодон ва кормандони МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб мутобиқи мактуби расмӣ аз 29.03.2024, №95 санаи 3 апрели соли равон баҳри шиносоӣ бо шароити таълимӣ, муҳити корӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Меҳмононро муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, сардори раёсати таълим Саидзода Қурбоналӣ ва сардори маркази матбуоти донишгоҳ Муҳаммадҷони Абдувоҳид истиқбол гирифтанд. Баъди ворид шудан меҳмонон нахуст аз маркази рушди касбият ва инноватсия, китобхонаи донишгоҳ, толори варзишӣ ва фаҳангӣ, маркази ТИК, озмоишгоҳҳои замонавӣ дар факултети физика ва математика, маркази таълимӣ - машваратии “Дурахшон”, синфхонаҳои ҳарбиву тактикии факултети тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ, рӯзномаи “Анвори дониш” ва аз маркази бақайдгирӣ тестӣ ва таҳсилоти фосилавии донишгоҳ дидан намуда, бо шарту шароит, низоми корӣ, дастовардҳои донишгоҳ ошно гардиданд.
Ҳамзамон сардори Коллеҷи мазкур, майори милитсия Нуруллозода Меҳрулло қайд намуданд, ки ташаббусҳо ва заҳматҳои ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногун, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас доранд. Дар идома зикр намуданд, ки МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб минбаъд тасмим дорад, ки ҳамкориро бо Донишгоҳ самарабахш ба роҳ монад.