,
Ҷумъа, 27-декабр
Санаи 02.04.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии унвонҷӯйи кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Алиева Бахтиниссо Аҳмадовна дар мавзуи “Истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ-омили рушди нутқ (дар мисоли таълими забони тоҷикӣ барои хонандагони синфҳои миёнаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ)” (роҳбари илмӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ) баргузор гардид.
Дар муҳокима роҳбари илмӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ, сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипов Анвар, дотсентон Қувватова Муҳаббат, Холиқова Зайналбӣ, Одинаева Гулбону, Давлатова Фароғат, Қурбонов Маҳмадӣ ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис доктори илмҳои педагогӣ, профессор Изатова Муҳаббат, Амлоев Аминҷон, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳии славянии Россия ва Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Қувватова Муҳаббат баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.
Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии унвонҷӯйи кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Алиева Бахтиниссо Аҳмадовна бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта арзёбӣ гардид.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба унвонҷӯё ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.