,
Шанбе, 21-декабр
Санаи 1-уми апрели 2024 равон дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб маросими ботантанаи гусели баҳории ҷавонони даъватшаванда ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, кормандони комиссарияти ҳарбӣ, волидайни даъватшавандагон ва ашхоси касбу кори гуногун иштирок карда, наваскаронро ба хизмати содиқона баҳри ҳифзи марзу буми кишвар гусел намуданд.
Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, иброз дошт, ки яке аз рукнҳои асосии ҳар як давлати мустақилу озод Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбанд. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон, ба ҳайси Сардори давлат дар қатори аввалин санадҳо, санаи 18 декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расонид.
Зикр гардид, ки имрӯз ҳар як сокини шаҳри Кӯлоб бо чунин ҷавонони бонангу номуси диёр, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда истодаанд, сидқан ифтихор мекунанд. Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳ ба як сутуни муқтадири ҳимояи марзу бум ва тамомияти арзии кишвар табдил ёфтаанд. Ҳуумати мамлакат ва мардуми тоҷик дар шахсияти афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизони боэътимоди Ватанро мебинанд ва ба онҳо ифтихор доранд.
Бо изҳори миннатдорӣ ба волидайни ҷавонони даъватшаванда, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастаанд, раиси шаҳр ба ҳамаи онҳо ба ин рӯзи пуршараф табрику муборакбод намуда, ба наваскарон саломатӣ, хушбахтӣ ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан саодату комёбӣ ва барору музаффарият таманно намуд.
Сипас, Асозода Ҳотам, падари яке аз наваскарон, ба сухан баромада, гуфт, ки онҳо аз даъвати фарзандонашон ба сафи ҷавонмардони миллат мефахранд ва дигаронро низ ба он тарғиб менамоянд: «Ман аз он хушнудам, ки писарам ихтиёран дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меорад ва марзу буми ватанро ҳифз менамояд».
Ҳамчунин, дигар волидайни даъватшавандагон ва ҷавононе, ки ба ихтиёран ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд, баромад карда миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон баён намуданд.
Баъдан чун анъана маросими мардумии “Нонгазон” аз ҷониби модарони даъватшудагон баргузор гардид.
Дар қисмати дигари чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барномаи фарҳангии худро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.
Ҳамзамон барои сарбозону афсарон дастархони идона ороста шуд.