, Якшанбе, 22-декабр

ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!

 28.03.2024 298

ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!

Вобаста ба иҷрои барқияи фаврии Вазорати маориф ва илм аз 13.03.2024 №05(33)05-324 барои таҳкими фарҳанги миллӣ, пушидани либоси миллии тоҷикӣ дар байни омӯзгорону донишҷӯён санаи 28 марти соли 2024  дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Шурои занон ва духтарони донишгоҳ аксияи "Тоҷикона мепӯшем" ташкил ва гузаронида шуд.

Аксияи мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбия намудани донишҷуён, инчунин, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона ҷиҳати муаррифии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ роҳандозӣ гардид.

Дар ин рӯз, омӯзгоронзанон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳ бо либосҳои миллӣ дар саҳни Донишгоҳ ба сайру гашт баромада, либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи Роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст.




Ба рӯйхат