, Душанбе, 29-апрел

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ  “РАВОНШИНОСОНИ ҶАВОН”

 28.03.2024 9

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ  “РАВОНШИНОСОНИ ҶАВОН”

28.03.2024 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Равонишиносони  ҷавон” баргузор гардид.

Дар маҳфил доктори илмҳои педагогӣ, профессор Изатова Муҳаббат, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ, дотсент Шарипов Бахтовар, муаллими калони кафедраи мазкур Табарова Зарторбӣ, ассистентони кафедра Қосимов Пӯлод ва Назарова Хосият ва ҳайати донишҷӯёни  факултет иштирок доштанд.

Сараввал, ассистенти кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Назарова Хосият суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд.

Сипас,  донишҷӯи курси 4-уми факултет Ҷумахонзода Ҷамшед дар мавзуи “Мафҳуми умумӣ дар бораи фурустратсия”, донишҷӯи дигари факултет Шарипова Манижа дар мавзуи “Сабаби пайдоиши фурустрат ва пешгирии он”  маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар бахши музокирот, маҳфил бо саволу ҷавоб миёни устодону донишҷӯён хотима ёфт.




Ба рӯйхат

*/