, Ҷумъа, 27-декабр

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

 28.03.2024 265

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

Санаи 28 марти соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Маркази рушди касбият ва инноватсия конфронси навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳии факултети иқтисод ва идора таҳти унвони “Пиряхҳо танзимкунандаи оби ширин дар сатҳи сайёра” баргузор гардид.

Дар конфронс сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипов Анвар, мудири кафедраи география ва сайёҳӣ, дотсент Гадоев Шералӣ, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, дотсент Ғуломов Зикрулло, сармутахассиси Марказ Ғаниев Фирӯз, мутахассиси дигари Марказ Сафарзода Сироҷиддин, раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Давлатов Камолиддин ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Нахуст, сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар суханронӣ намуда, қайд намуд, ки “Тоҷикистон манбаи оби тоза аст. Қариб ҳамаи обҳое, ки  дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбанд, барои истифода дар соҳаи кишоварзӣ ва нӯшидан мувофиқанд. Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи манбаъҳои об дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Манбаи асосии об дар кишвари мо пиряхҳо ва барфу борон ба ҳисоб меравад ва зиёда аз 10 ҳазор пирях манбаи асосии оби на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ин аст, ки  14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард”.

Сипас, раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Давлатов Камолиддин оид ба маърӯзаҳои баррасишавандаи конфронси имрӯза ба аҳли нишаст маълумот доданд.

Баъдан, Давлатов Аҳлиддин – донишҷӯи курси дуюми факултети болозикр дар мавзуи “Пиряхҳо танзимкунандаи оби ширин дар сатҳи Сайёраи Замин”, Давлатов Муҳаммад – донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Мавқеи иқтисоди сабз дар ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва истеҳсолоти энергияи сабз” ва Насимзода Муҳаммад – донишҷӯи курси чоруми факултет дар мавзуи “Назария ва амалияи менеҷмент ва маркетинг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли Ассотсиатсияи миллии менеҷерон ва маркетологони ҷавон)” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар қисмати музокирот номзади илмҳои география, дотсент Гадоев Шералӣ суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ, махсусан, ҳудуди Тоҷикистон, ки яке аз манотиқи ба тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад, бинобар сабаби баланд шудани ҳарорат, кам шудани миқдори боришот ва дигар омилҳои метеорологӣ захираи пиряхҳо коҳиш ёфта истодааст. Марзи Тоҷикистон маркази бузурги пиряхҳои минтақа, танзимкунандаи оби дарёҳо ва манбаи захираи оби тоза мебошад. Дар давоми 30 соли охир аз 14 000 пиряхи ҳудуди кишвари мо, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, беш аз 1000 пирях ба нестӣ расидааст.




Ба рӯйхат