,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Имрӯз (23.03.2024) дар Амфитеатри Боғи миллии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии тантанавии вилоятӣ баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ва дигар меҳмонон аз гӯшаву канори кишвар иштирок намуданд.
Нахуст, меҳмонон дар даромадгоҳи Боғи миллии ба номи Исмоили Сомонии шаҳр аз намоиши дастовардҳои ҳунариву меҳнатӣ, хони наврӯзии оростаи ҷамоатҳои шаҳру деҳот ва ташкилоту муассисаҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла аз намоиши дастовардҳои илмӣ, ҳунариву эҷодӣ ва хони наврӯзии омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд.
Сипас, дар Амфитеатри боғи мазкур барномаи театрикунонидашудаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони номвари кишвар: Гулчеҳра Содиқова, Сурайё Қосимова, Зафар Аюбӣ, Бунавша Муқимова, Ҷумахон Сафаров, Хайринисо Ватанова ва дигар ҳунармандони вилоятиву шаҳрӣ идомадиҳандаи тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар вилояти Хатлон буд.