,
Якшанбе, 08-декабр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ озмоишгоҳи “Барқ” ба номи академик Каримов Самариддин Каримович ва китобхонаву синфхонаи электронӣ ифтитоҳ ёфт. Озмоишгоҳ ва синфхонаи мазкур дар факултети физика ва математика мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар маросими ифтитоҳи он ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, роҳбари дастгоҳи МИҲД шаҳри Кӯлоб Наргис Қурбонзода, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Изатова Муҳаббат, муовинони ректор ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Иқдоми мазкур дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025” ҷиҳати таъмини рушди соҳаи илму техника ва тайёр намудани кадрҳои лаёқатманд амалӣ карда шудааст.
Ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ва ҳамроҳонашон зимни суханронӣ ба ҳангоми ифтитоҳи озмоишгоҳи “Барқ” ва синфхонаву китобхонаи электронӣ тадбири мазкурро дар ҳошияи дастуру супоришоти Роҳбарияти олии кишвар, ки аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад» ва ё «Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем» арзёбӣ намуда, фароҳамсозии заминаи мусоидро омили муҳимми мусоидаткунанда дар тайёрии касбии мутахассисони ҷавон донистанд.
Гуфта шуд, ки маҳз бо мақсади пешрафти соҳаи илму техника солҳои 2020-2040 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда шуд ва мутмаинем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар идома Изатова Муҳаббат - профессор зимни сӯҳбат ифтитоҳ ва номгузории озмоишгоҳи “Барқ”-ро иқдоми арзишманд ба хотири гиромидошти фаъолияти пурмаҳсули олими шинохтаи тоҷик академик Каримов Самариддин Каримович арзёбӣ карда, барои дастгириву таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ба Пешвои миллат ва роҳбарияти донишгоҳ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Дар охир ба устодону донишҷӯён дастур дода шуд, ки аз имкониятҳои мусоид ва арзандаи озмоишгоҳ ва синфхонаву китобхонаи электронӣ истифода бурда, ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои хуб чораҳои зарурӣ анҷом диҳанд.