, Сешанбе, 07-май

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ ИЛМҲОИ КОМПЮТЕРӢ

 19.03.2024 16

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ ИЛМҲОИ КОМПЮТЕРӢ

Санаи 19.03.2024 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ- назариявии назди кафедраи илмҳои компютерӣ бо иштироки аъзоёни кафедра баргузор гардид.

Нахуст, мудири кафедра, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Шарипов Аламшо оид ба мавзуъҳои баррасишаванда маълумот дода, ба кори семинар барор хостанд.

Сипас, Ятимов Ҳомид - муаллими калони кафедра дар мавзуи “Таҷҳизотҳои мобилӣ ва ҳифзи иттилоот дар онҳо” ва Қурбонова Умеда - номзади илмҳои педагогӣ дар мавзуи “Моделсозӣ, бизнес-равандҳо бо истифода аз системаи Mathlab” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охири семинар миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.




Ба рӯйхат

*/