, Шанбе, 12-октябр

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 18.03.2024 162

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 18.03.2024  дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи география ва сайёҳии факултети иқтисод ва идора конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи  “Таъсири гармшавии иқлим ба обшавии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии оқибатҳои он” бахшида ба 21-уми март – “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид.

Дар конфронс муовини ректор оид ба илм ва инноватсия  дотсент Рафиев Сафархон, садорати факултет, мудирони кафедраҳои тахассусии факултет ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Раифев Сафархон оғоз гардид. Дар идома  Ҳомидов Фаррух - мудири шуъбаи экспедитсионии Муассисаи давлатии илмии маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Усулҳои мушоҳидаҳои гидрологӣ ва коркарди навин дар пиряхҳо”, Мирзоев Азиз - муаллими калони кафедраи география ва сайёҳӣ дар мавзуи “Гармшавии иқлими сайёраи Замин ва таъсири он ба обшавии пиряхҳои Осиёи Марказӣ”, Мирзозода Насиба - донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси география дар мавзуи “Пиряхҳо танзимкунандаи оби ширин дар сайёраи Замин” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.

Қайд гардид, ки дар ҳақиқат тағйирёбии иқлим яке аз умдатарин мушкилоти ҷаҳонӣ боқӣ мемонад. Дар раванди тараққиёт ва пешрафти худ давлатҳои дунё бераҳмона ба табиат зиён расонидаанд, ки дар натиҷа ба мувозинати системаи табиат халалҳо ворид шудааст. Бепарвоёна қонеъ гардонидани талаботи худ, инсонро ба муаммои умумиҷаҳонӣ дучор намудааст, ки “Тағйирёбии ҷаҳонии иқлим” ном гирифтааст.  Рушди истеҳсолот вобаста ба талаботи инсон аз меъёр зиёд ба атмосфера гази карбон хориҷ карда мешавад, ки натиҷаи он гармшавии  ҳарорати ҳаво гардидааст.

Дар бахши музокирот мудири кафедраи география ва сайёҳӣ, дотсент Гадоев Шералӣ ба сухан баромада, ташкилу баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-назариявиро омили баландбардории донишҳои насли наврасу ҷавон доир ба дарки муҳити зист ва маърифати экологии шаҳрвандон арзёбӣ намуд.

Ҳамин тариқ кори  конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба охир  расид.




Ба рӯйхат