, Якшанбе, 22-Феврал

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ДОНИШГОҲӢ


БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ДОНИШГОҲӢ

16 марти соли 2024 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси донишгоҳии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва роҳҳои ҳалли он ” бахшида ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.

Дар конфронс декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самариддинова Зайнаб, мудири кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо, дотсент Каримова Назокат, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдулазизов Абдулҳаким, мудири кафедраи математика ва методикаи таълими он, дотсент Сироҷиддини Давлаталӣ ва ҳайати васеи омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Конфронс бо сухани ифтитоҳии декани факултет, дотсент Самариддинова Зайнаб оғоз гардид.

Сипас, мудири кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо, дотсент Каримова Назокат дар мавзуи “Зиндагиро бо илм зинат бахшед”, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдулазизов Абдулҳаким дар мавзуи “Оид ба давомдиҳии ҳалҳои маҳдуди муодилаҳои дифференсиалии беохирченака дар ниминтервалҳои беохир”, мудири кафедраи математика ва методикаи таълими он, дотсент Сироҷиддини Давлаталӣ дар мавзуи “Вазъи тайёрии маҳорати касбию методии омӯзгорони геометрия ва роҳҳои ҳалли онҳо”, муаллими калони кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо Фирдавси Холмуҳаммад дар мавзуи “Тасвири бисёршаклаи ҳал барои як синфи муодилаҳои интегралӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи маърӯзаҳои баррасишуда миёни ҳозирин ба анҷом расид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_174i6mhrad2mkq26vndhve5dfr in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_174i6mhrad2mkq26vndhve5dfr): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274