, Сешанбе, 03-ноябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ҚУЛФКУШОИ ҲАМА ДАРҲОСТ”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ҚУЛФКУШОИ ҲАМА ДАРҲОСТ”

16.03.2024 дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ маҳфили “Забони англисӣ қулфкушои ҳама дарҳост” баргузор гардид.

Дар маҳфил декани факултет, номзади илҳои филологӣ, дотсент Муродов Баҳриддин, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Қурбонбӣ, мутахассиси раёсати таълим Қурбонов Кароматулло, мудири кафедра Саидова Нилуфар ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст, мудири кафедра Саидова Нилуфар суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз намуд. Ҳамзамон роҳбари маҳфил Яқубов Довуд доир ба фаъолияти маҳфил ва маърӯзаҳои баррасишавандаи маҳфили имрӯза ба ҳозирин маълумот доданд.

Сипас, донишҷӯи курси дуюми факултет - Фахриева Ясмина дар мавзуи “Роҳҳои осони омӯзиши забони англисӣ”, донишҷӯи курси дуюми факултет - Исматов Муҳаммад дар мавзуи “Истифодаи грамматика ва вожаҳо ҳангоми омӯзиши забони англисӣ”, донишҷӯи курси сеюм Бегматова Ясмина дар мавзуи “Аҳамияти забони англисӣ дар ҷомеа” ва донишҷӯи курси сеюм Исоева Дилдода дар мавзуи “Роҳҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ” маърӯзаҳои пурмуҳтавои худро тариқи рӯнамо, инчунин пурра бо забони англисӣ ироа намуданд.

Дар фарҷом ҳозирин доир ба баргузории маҳфили мазкур фикру андешаҳои худро баён намуда, ба маҳфил баҳои хуб доданд.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_5gq1a5hdjrl2k3khicrq1rcgbn in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_5gq1a5hdjrl2k3khicrq1rcgbn): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_a4jrcqgeh22s8uvdtnos5q436v in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_a4jrcqgeh22s8uvdtnos5q436v): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274