,
Шанбе, 21-декабр
14 марти соли 2024 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи молия ва қарзи факултет дар якҷоягӣ бо маркази хизматрасонии бонкии ҶДММ ташкилотии қарзии ғайрибонкии "Васл" ҷиҳати амали намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, таҳти рақами 586 "Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ" семинари омӯзишӣ миёни донишҷӯёни факултет гузаронида шуд.
Дар оғози семинар мудири кафедраи молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилов Низомидин доир ба фармони мазкур каме маълумот дод. Сипас, роҳбари маркази хизматрасонии бонкии ҶДММ ташкилотии қарзии ғайрибонкии "Васл" дар шаҳри Кӯлоб Неъматов Ф. баромад намуда, он хизматрасониҳое, ки дар ташкилоташон доир ба ғайринақдикунони сурат мегирад ба донишҷӯёни маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Зимнан декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мо, факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуадуллоҳи Рӯдакӣ ҳама вақт омодаем ҳамкориҳоямонро бо ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳо ба роҳ монем.