,
Якшанбе, 08-декабр
Имрӯз (14.03.2024) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети химия ва биология конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Омилҳои баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.
Дар конфронс сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои педогогӣ, дотсент Шарипов Анвар, декани факултет номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Исупов Дилшод, номзади илмҳои химия, дотсент Холиқов Сафар, мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он Бобоев Бахтиёр ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Сараввал дотсент Шарипов Анвар суханронӣ намуда, конфронсро ҳусни оғоз бахшиданд.
Сипас, Табаров Тоҳир - муаллими калони кафедраи биология ва методикаи таълими он дар мавзуи “Нақши фарҳанги экологӣ дар пойдории соҳибистиқлолии кишвар”, Шарипова Бунафша - ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он дар мавзуи “Нақши омӯзгорони фанни биология дар баланд бардоштани фарҳанги экологии хонандагон”, Ҷумаева Шамсия - ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он дар мавзуи “Истифодаи технологияи муосир дар ташаккули фарҳанги экологии донишҷӯён” ва Насимова Таманно - донишҷӯи курси панҷуми факултет дар мавзуи “Таъсири мушкилотҳои экологӣ оид ба раванди тағйирёбии иқлим дар ҳаёти имрӯза” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.
Дар бахши музокирот конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.