, Ҷумъа, 27-декабр

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

 12.03.2024 298

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

Имрӯз (12.03.2024) Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун муассисаи пешбар кори илмии унвонҷӯи кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав-Нуралиев Мансур Исматуллоевич дар мавзуи "Ташаккули мавқеи акмеологии омӯзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ дар раванди таҷрибаомӯзии педагогӣ", зери роҳбарии илмии номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав-Қурбонов Файзалӣ Асадуллоевич, таҳия гардидааст, дар кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ  ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳ муҳокима намуд.

Дар муҳокимаи рисола муовини ректор оид ба илм ва нноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, кормандони раёсати илм ва инноватсия, мудирони кафедраҳои болозикр, ҳайати устодону омӯзгорони кафедраҳои мазкур иштирок намуданд.

Дар зимн номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипов Анвар, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шералиева Садбарг, дотсент Гиёев Абдуназар, мудири кафедраи фалсафа Ғаюров Лоиқ, номзади илмҳои педагогӣ Давлатов Миралӣ, дотсент Мирзоева Бунафша баромад намуда, фикру мулоҳизаҳояшонро доир ба паҳлуҳои кор баён намуданд.




Ба рӯйхат