,
Якшанбе, 22-декабр
Таърихи 11 марти соли 2024 дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки беш аз 150 нафар собиқадорони матбуот ва журналистони фаъоли вилояти Хатлон баргузор гардид.
Пас аз намоиши матбуоти даврии вилоят ва мулоқоти муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони матбуот натиҷагирии озмуни вилоятии “Неруи сухан” барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соли 2023 барои беҳтарин маводи журналистӣ барпо гардид. Гуфта шуд, ки ба кумитаи тадорукоти озмун беш аз 300 маводи журналистӣ пешниҳод гардида буд.
Барои коллективи бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ боиси ифтихор ва шарафмандии бузург аст, ки кормандон ва намояндагони Донишгоҳ дар маросими тақдими Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон “Неруи сухан” дар соли 2023 барои беҳтарин маводи журналистӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардида, бо диплом ва мукофотпулӣ қадршиносӣ гардиданд.
Ҳамин тавр, кормандони донишгоҳ аз рӯйи номинатсияҳои зерини озмуни “Неруи сухан” ғолиб ва барандаи Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дониста шуда, бо Диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд: