, Душанбе, 09-декабр

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲ

 11.03.2024 229

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 11-уми марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба “Рӯзи матбуоти тоҷик” таҳти унвони “Матбуоти минтақавӣ ва марҳилаҳои рушди он” баргузор гардид.

Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор, собиқадорони матбуот ва инчунин рӯзноманигороне, ки дар минтақаи Кӯлоб фаъолият мекунанд, иштирок доштанд.

Сараввал, ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, рӯзноманигорон, кормандони воситаҳои ахбори омма, устодон, донишҷӯён-рӯзноманигорони ояндаро ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, барояшон комёбиҳои эҷодӣ ва рӯзгори хушу осуда таманно намуданд. Таъкид доштанд, ки ҳамасола дар саросари кишвари азизамон 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик қайд карда мешавад. 112 сол муқаддам дар ин рӯз нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф» ба табъ расидааст, ки рӯйдоди муҳим ва таъсиргузор дар таърихи миллати мо маҳсуб мегардад. Матбуот яке аз рукнҳои асосӣ, пураҳамият ва пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, имрӯз ҳаётро бидуни воситаҳои ахбори омма тасаввур кардан имконнопазир аст.

Дар идома устод зикр доштанд, ки дар ҳақиқат воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонад. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, ивазшавии рушди андешаҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунад. Гуфтан ба маврид аст, ки айни замон қудрат ва таъсири ВАО аз зури силоҳ ҳам болотар меистад. Аз ин рӯ, имрӯз кишварҳои абарқудрат бо истифода аз расонаҳои хабарӣ таъсири худро тақвият мебахшад. Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон низ дар ин самт бояд кушиш ба харҷ дода нақши шоистаро касб намояд.

Матбуоти тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамеша бозгӯкунандаи вазъи воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон буда, сарчашмаи муътамади иттилоъ буду боқӣ мондааст. Матбуот ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ, муҳимтарин ва пешбарандаи ҷомеа бахусус дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати фароҳам омадани шароиту имкониятҳои озодандешию ошкорбаёнӣ мавқеи устувор ишғол намуд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро чашму гӯши халқ ва муҳимтарин рукни ҷомеаи мардумсолорӣ номидаанд, зикр доштанд, сармуҳаррири ҳафтаворӣ ҷамъиятӣ-сиёсии “Пайк” Аҳмади Иброҳим.

Инчунин роҳбари намояндагии Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” дар минтақаи Кӯлоб Сафарзода Ширинҷон ва муаллими калони кафедраи журналистика Сафарзода Манучеҳр доир ба роҳҳои тай намудаи матбуоти тоҷик ва рушди он маърӯза намуданд.

Дар қисмати дигари конфронс ба 6 нафари дигар ҷиҳати фаъолияти пурсамар дар самти рӯзноманигорӣ Шаҳодатномаи узви нави Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон дода шуд.

Инчунин аз ҷониби Раёсати донишгоҳ як қатор собиқадорони матбуот, рӯзноманигорони фаъол барои масъулияти баланди касбӣ, хизмати созанда дар инъикоси дастовардҳои халқу давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.




Ба рӯйхат