, Шанбе, 12-октябр

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

 07.03.2024 171

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

Санаи 07.03.2024 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи назарияи иқтисодӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Зан олиҳаи ҳусн” бахшида ба 8-уми март Рӯзи Модар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, дотсент Сафаров Аъзам, дотсент Куганов Неъмат, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Қурбонбӣ, муаллими калони кафедра Сафаров Амиралӣ, ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Нахуст, декани факултет Фатҳуллозода Абдухолиқ зимни сухани ифтитоҳии хеш аҳли нишастро бо ин ҷашн табрику таҳният намуда, ба онҳо бахту иқбол ва саломативу сарбаландӣ таманно намуда, қайд карданд, “Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад. Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанада ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад”.

Сипас, Султонзода Насиба-ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзуи “Модар олиҳаи ҳусн”, Давлатова Қаламнисо-ассистенти кафедра дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди ҳунарҳои занонаи мардумӣ” ва Давлатова Рухсора-ассистенти дигари кафедра дар мавзуи “Зан ва ҷомеа” суханронӣ намуда, оид ба бузургии Зан-Модар ибрози андеша намуданд.




Ба рӯйхат