, Панҷшанбе, 21-май

БАРГУЗОРИИ СОАТИ ТАРБИЯВӢ


БАРГУЗОРИИ СОАТИ ТАРБИЯВӢ

Санаи 7 март дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Модар соати тарбиявии Саидова Малика – муаллими калони кафедраи химия ва методикаи таълими он дар гурӯҳи 503-и ихтисоси химия-экология, ки ҳамзамон куратории гурӯҳии мазкурро ба уҳда дорад баргузор гардид.

Дар дарс Исуфов Дилшод-номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, декани факултет, Холов Сино - ҷонишини декан оид ба таълим, Ташрифи Шариф - ҷонишини декан оид ба тарбия, Бобоев Бахтиёр - номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Муаллим зимни суханронии хеш аз бузургии Зан-Модар сухан ронда, қайд намуданд, ки “Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад”.

Сипас, донишҷӯён барномаи омоданамудаи хешро ки “Ҳаёт аз номи модар гирад оғоз” унвон гирифта буд, пешкаши ҳозирин намуданд.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_6l9e7scraf3iu8b2njpl9n52rl in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_6l9e7scraf3iu8b2njpl9n52rl): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_6uhphipd42i26o8dti7p61g1ok in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_6uhphipd42i26o8dti7p61g1ok): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274