, Ҷумъа, 27-декабр

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-БАДЕӢ

 04.03.2024 264

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-БАДЕӢ

Санаи 4-уми март дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси шурои занони факултет таҳти роҳбарии муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Қаюмова Мубина конференсияи илмӣ-бадеӣ дар мавзуи “Модар сарчашмаи ҳаёт” баргузор гардид.

Дар конференсия декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, дотсент Холиқова Зайналбӣ, мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст, декани факултет Зулфиев Гадомад баромад намуда қайд намуданд: “Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас Зан – Модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст. Мо ҷашни бонувонро махсус Рӯзи Модар ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи Модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан – Модар ташкил медиҳанд”, қайд кардан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сипас, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, дотсент Холиқова Зайналбӣ оид ба мақому манзалати зан-модари тоҷик суханронӣ намуданд.

Баъдан раиси шурои занон ва духтарони факултет, Қаюмова Мубина дар мавзуи “Занон дар  меҳвари сиёсати Пешвои миллат” маърӯзаи худро ироа намуда, қайд намуданд, ки “Чун мо дар арафаи ҷашни модарон қарор дорем, лозим ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба нақши зан – модар дар ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир карда, мақоми ӯро дар ҷомеаи муосир шоиста арзёбӣ менамоянд. Зимни суханрониҳои хеш, Пешвои миллат дар баробари масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ ба масъалаи занон ва нақши муҳими онҳо дар рушди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ ба тарзи хосса таъкид намуда, мақоми зан-модарро дар ин раванд ниҳоят арзишманд ва калидӣ муаррифӣ менамоянд. Дар ин бора роҳбари давлат чунин таъкид намудаанд: “Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад”.

Дар охир гурӯҳи донишҷӯёни факултет суруди алла, порчаҳои шеъри дар васфи Зан-модар, суруду таронаҳо ва рақси гурӯҳи ба муносибати иди модарон пешкаши ҳозирин гардонида табъи ҳамагонро болида намуданд.




Ба рӯйхат