,
Душанбе, 09-декабр
Санаи 04.03.2024 дар факултети филолгияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Посдори фарҳанги миллием” бахшида ба 8-уми март Рӯзи Модарон баргузор гардид.
Дар ин мизи мудаввар ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, доктори илмҳои филологӣ, дотсент Ашурова Нодира, декани факултет, дотсент Шарифзода Одинамо, дотсентон Савронбӣ Раҳимова, Нурматова Заррина, Мирзораҳматова Гулнора ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Нахуст, декани факултет Шарифзода Одинамо зимни сухани ифтитоҳии хеш аҳли нишастро бо ин ҷашн табрику таҳният намуда, ба онҳо бахту иқбол ва саломативу сарбаландӣ таманно намуда,қайд карданд, “Модар неъмати бебаҳо, сарчашмаи муҳаббати беканор ва азизтарин шахсияти башар аст. Меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ӯ фонуси хаёлҳои мост. Манзалат, қиммат ва муҳаббати гаронбаҳои модар дар шаҳдрези каломи шоирону орифон, фозилону олимон баръало равшану ҷилвагар аст”.
Сипас, дотсент Шарофат Худойдодова дар мавзуи “Ҷойгоҳи занон аз нигоҳи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” суханронӣ намуданд.
Дар қисмати фарҳангии мизи мудаввар аз ҷониби донишҷӯдухтарони факултет барномаи ҷолиб иборат аз рақсу суруд, шеъру тарона пешкаши ҳозирин гардонида шуд.