,
Шанбе, 12-октябр
4.03.2024 дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ корҳои фаҳмондадиҳии Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони соли таҳсили 2023-2024 мутобиқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 16-уми феврали соли 2024 таҳти рақами №21 баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ Амиров Файзуллохуҷа, сардори Раёсати таълим Саидзода Қурбоналӣ, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ Бобоев Бахтовар, мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ Назарзода Бахтиёр, декани факултет, дотсент Муродов Баҳриддин ва донишҷӯёни хатмкунанда иштирок доштанд.
Дар кори ҷаласа Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони Донишгоҳ ба ҳар як хатмкунанда сӯҳбатҳои инфиродӣ намуда, онҳоро бо талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (аз 27.05.2017, №262) ва “Дар бораи тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр кардани мутахассисон харҷ шудаанд” (аз 29.11.2022, №563) шинос намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва оқибатҳои риоя накардани санадҳои зикргардидаро ба онҳо фаҳмониданд.