, Панҷшанбе, 26-декабр

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ – МАШВАРАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 01.03.2024 291

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ – МАШВАРАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

1-уми марти соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси маркази рушди касбият ва инноватсия ҳамоиши илмӣ-машваратӣ дар мавзуи “Ташаккули малакаҳои касбӣ аз рӯйи ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон ва роҳёбӣ ба фазои муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, декани факултети молиявию иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ Мирсаидов Муҳаммаднаим, директори ҶДММ «Замони навин» Холиқов Фарҳод ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон оғоз гардида, дар идома дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ Мирсаидов Муҳаммаднаим ва сардори маркази рушди касбият ва инноватсия Изатов Умедҷон дар мавзуи “Самтҳои асосии баландбардории малакаҳои касбӣ аз рӯйи ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон дар шароити муосир” ва директори  ҶДММ «Замони навин» Холиқов Фарҳод дар мавзуи “Таҷрибаи амалии нақши мутахассисони касбӣ дар рушди ҳамкориҳои субъектҳои тиҷоратии ватанӣ бо ташкилот кишварҳои хориҷӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Баромадкунандагон зимни ироаи маърӯзаҳо дар робита ба роҳҳои балад бардоштани малакаҳои касбӣ ибрози андеша намуда, таъкид намуданд, ки  малакаи касбӣ он чизест, ки Шумо омӯхтаед. Инҳо малакаҳои мебошанд, ки одатан ба қобилиятҳое дахл доранд, ки барои иҷрои кор истифода мешаванд. Чунин малакаҳо бештар мушаххасанд ва барои ба даст овардан ва такмил додани онҳо кори фаъолро талаб мекунанд.




Ба рӯйхат