,
Панҷшанбе, 26-декабр
Бо ҳамин ном имрӯз (01.03.2024) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии намояндагони мақомоти прокуратураи минтақа ва шаҳри Кӯлоб бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, прокурори шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи 2- Мирзозода Анвар Мавлон, муовини прокурори шаҳри Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи 2- Ғоибназарзода Атохуҷа Амирхуҷа, ҳайати раёсати Донишгоҳ, профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат намуданд.
Ректори Донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни сухани ифтитоҳии вохӯрӣ ба намояндагони мақомоти прокуратураи минтақа ва шаҳри Кӯлоб бобати доир намудани вохӯрии судманд изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд. Дар зимн иброз доштанд, ки таърихи 28.01.2023 Паёми ояндаафрӯзу раҳнамои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа ва соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, ҳаёти сиёсиву ҳуқуқӣ, фарҳангиву маданӣ ва сиёсати хориҷии мамлакат мавриди таҳлилу арзёбии мукаммал қарор гирифта, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ, Маҷлиси Олӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ, бо назардошти мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, муайяну мушаххас гардид.
Пешвои маҳбуби миллат, бо эътимоди комил ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон, даъват ба амал оварданд, ки ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии истиқлолияти давлатӣ ободу зебо, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Сипас, Мирзозода Анвар Мавлон-прокурори шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи 2, мақсад аз баргузории вохӯрии мазкурро шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ, изҳори андеша намуд. Дар зимни суханронӣ баён доштанд, ки вазъияти муосир муаммои таъмини амнияти миллӣ нисбат ба дигар масъалаҳои рушди сиёсӣ афзалият дорад, зеро барои давлати муосир ҳалли муаммоҳои амнияти миллӣ аз ҳарвақта дида, барои таъмини ваҳдату якпорчагӣ, нигоҳ доштани асолат ва ягонагии фарҳангу маданият аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар ин росто сармашқи кори худ қарор додани дастуру супоришоти хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат дар роҳи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таъсирбахш ҷиҳати тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир амрӣ зарурӣ ва омилӣ муваффақшавӣ дар ин роҳ ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, бо назардошти 30-солагии қонуни асосии давлати соҳибистиқлол- Конститутсия эълон шудани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» падидаи бисёр хушоянду мавриди истиқбол буда, аз масъулин, хосатан муассисаҳои соҳаи маориф роҳандозии силсилаи чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ, озмуну олимпиадаҳо, тарғибу ташвиқи васеи асосҳои конститутсионии давлат ва қонунгузории миллиро тақозо менамояд. Зеро дар амалигардонии фаъолияти бисёрҷанбаи маърифати ҳуқуқӣ низоми маориф нақши асосӣ дорад ва ҳадаф аз он ташаккули асосҳои назариявии шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, тафаккури ҳуқуқӣ, инчунин густариши ҷаҳонфаҳмии илмии ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар ҳаёти ҳаррӯза татбиқ намудани талаботи ҳуқуқӣ дар назар дошта мешавад.
Дар идома, Ғоибназарзода Атохуҷа Амирхуҷа- муовини прокурори шаҳри Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи 2, доир ба мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм ва роҳу равишҳои пешгирию мубориза бо онҳо нуктаҳои ҷолибу асоснокро ироа намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар саҳмгузор бошанд ва бо тамоми падидаҳои номатлуб ва номақбули ҷомеа оштинопазириро пешаи худ намоянд.
Зимнан доир ба хавфу хатар ва оқибатҳои манфури равияву гурӯҳҳои ифротӣ ибрози андеша намуда, дараҷаи пасти донишҳои дунявӣ, мувофиқат накардани тасаввуроти илмӣ-дунявӣ нисбат ба ҷаҳонбинии динии наврасону ҷавонон; пурзӯршавии таъсири идеологияи динӣ ва тавассути он маҳдуд гардидани хусусиятҳои фарҳанги миллӣ; ба муҳтаво ва самтгирии вазъи идеологияи тахрибӣ пурра мувофиқат накардани шаклу усул ва мантиқи корҳои фаҳмондадиҳӣ омили таъсиррасонӣ ва гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур арзёбӣ намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки барои пешгирии ҳолатҳои номатлуб ва таълиму тарбияи дурусту дар роҳи садоқату эҳтиром ба фарҳангу арзишҳои миллӣ, худшиносиву ватандӯстӣ ба камол расидани насли наврасу ҷавон моро лозим меояд, ки бо омӯзиши амиқи таърихи гузашта ва фарҳанги пурғановати ниёгон даст ба кор шавем ва дар пешбурди сиёсати Ҳукумати малакат дар амал саҳмгузор бошем.