,
Шанбе, 12-октябр
Таърихи 29 феврал дар асоси Нақша – чорабиниҳои Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб раиси шаҳри Кӯлоб даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид, ки дар он ҳайати кормандон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иштироки фаъолона намуда, ғолиби ҷойи дуюм дониста шуда, бо Дипломи дараҷаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб раиси шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.
Ҳадаф аз баргузории озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ин ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва меҳанпарастӣ дар замири насли ҷавон, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ арзёбӣ мегардад.