, Якшанбе, 08-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “АДАБИЁТШИНОС”

 28.02.2024 236

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “АДАБИЁТШИНОС”

Дар таърихи 28-уми феврал дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбати “Адабиётшинос”-и назди кафедраи адабиёти тоҷик баргузор гардид.

Дар маҳфил Назиров Мадалӣ, муаллими калони кафедра, ҳамзамон роҳбари маҳфил ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал роҳбари маҳфил Назиров Мадалӣ суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз бахшиданд ва аз мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил ба ҳозирин маълумот дода, оиди пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуданд.

Сипас, Раҳматова Ф., донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи “Нахустин шоири порсигӯ” ва Мудассири Сафаралӣ, донишҷӯи курси сеюми факулта дар мавзуи “Гулчеҳра Сулаймонӣ ва гуногунии жанрии адабиёти бачагона” суханронӣ намуданд.

Дар анҷом атрофи мавзуъҳои баррасишаванда саволу ҷавоб доир гардид, ки дар он ҳамаи иштирокчиён фаъолона ширкат варзиданд.




Ба рӯйхат