,
Шанбе, 12-октябр
Тибқи нақшаи муштараки раёсати илм ва инноватсия ва раёсати тарбияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба такшкили ҳамоишҳои илмӣ- идеологӣ вобаста ба маърифати ҳуқуқӣ, маърифати экологӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар факултетҳо ва кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳии Донишгоҳ санаи 23.02.2024 дар кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ ҳамоиши илмӣ-идеологӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Назаров Ҳотам, муаллими калони кафедраи педагогика Назаров Тағаймурод, муаллими калони кафедраи мазкур Абдуллоҷони Ҳамрохон ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст, мудири кафедра, дотсент Назаров Ҳотам суханронӣ намуда, ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, доир ба мавзуъҳои баррасишаванда дар ҳамоиши мазкур иттилоъ доданд.
Сипас, муаллими калони кафедраи педагогика Назаров Тағаймурод дар мавзуи “Роҳҳои боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон”, донишҷӯи курси дуюми факултети физика ва математика Қурбонов Тоҳир дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ ва аҳамияти он”, донишҷӯи курси якуми факултети физика ва математика Бегмадова Фотима дар мавзуи “Терроризм ва эктремизм ва хатари он ба ҷомеа” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Бояд қайд кард, ки нақшаи мазкур ҷиҳати татбиқи самарабахши Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбия ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.06.2006 №94, бо қарори Шурои олимони Донишгоҳ аз 01.02.2024 №63 -6 таҳияи гардидааст.