,
Якшанбе, 22-декабр
Санаи 23-юми феврал дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон мизи мудаввар дар мавзуи “Артиши миллӣ- сипари боэътимоди Ватан” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар садорати факултет ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Сухани ифтитоҳиро декани факултет, дотсент Ҳусейнзода Аминҷон оғоз намуда, иштирокчиёнро бо Рӯзи Артиши миллӣ, ки ҳамасола 23-юми феврал ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфта, ба онҳо барору муваффақият дар корҳои илмию эҷодӣ таманно намудан. Ҳамзамон, зимни баромади хеш мавсуф қайд карданд: “Боиси ифтихору фараҳмандист, ки бо дастгирӣ ва кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешпои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 – юми феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки мо имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ ва шукуҳу шаҳомати хоса 31 – солагии онро дар сатҳи баланд таҷлил мекунем. Дар остонаи ин ҷашни фархунда мо беихтиёр замони ташкилёбию роҳи пуршарафти тай намудаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки кафили сулҳу амонӣ ва истиқлолияти кишвар мебошад, ба хотир меорем”.
Ҳамзамон, Собиров Сайёд, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик дар мавзуи “Таърихи ташаккулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар даврони истиқлолият” ва Исломова Фарида, донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Артиши миллӣ-такягоҳи давлат ва сипари миллат маърӯзаҳои худро баромад намуданд.
Дар охир атрофи мавзуъҳои болозикр миёни иштирокчиёну донишҷӯён саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт.