, Якшанбе, 22-декабр

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ВА БАРГУЗОРИИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ҲОШИЯИ ОН

 23.02.2024 229

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ВА БАРГУЗОРИИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ҲОШИЯИ ОН

Дар санаи 23.02.24 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет дар мавзуи "Нақши психология дар ҷомеаи муосир" баргузор гардид.

Дар маҳфил декани факултет Исозода Парвиз, муовини декан оид ба тарбия Саодати Раҳмоналӣ, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Иззатов Умедҷон, сармутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия Ғаниев Фирӯз, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст, декани факултет Исозода Парвиз суханронӣ намуда, аҳли нишастро бахшида ба 31-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, ба онҳо рӯзгори осуда ва саодатмандиро таманно намуданд. Ҳамзамон муовини декан оид ба тарбия Саодати Раҳмоналӣ оид ба мавзуъҳои баррасишаванда маълумот доданд.

Сипас, Раҳматов Абубакр, донишҷӯи курси якуми факултет дар мавзуи "Артиши миллӣ-сипари боэътимоди давлату миллат" ва Рӯзиева Сабрина, донишҷӯи курси дуюми факултети мазкур дар мавзуи "Қувваҳои Мусаллаҳ баёнгари қудрату тавонмандии давлат аст" баромад намуданд.

Дар қисмати охир аз ҷониби садорати факултет бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорон ва омӯзгорону кормандони ҷавони факултет бо "Сипоснома" сарфароз гардонида шуданд.




Ба рӯйхат