,
Сешанбе, 03-декабр
Имрӯз, 23.02.2024 дар факултети иқтисод ва идора бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии ҷонишини декан оид ба таълим Мирзоев Тоҳир оғоз гардид. Номбурда ҳозиринро бо Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, дар бораи таҳкими сулҳу суботи кишвар, таърих, аҳамияту моҳият ва нақши Артиши миллӣ дар таҳкими давлатдории тоҷикон бо овардани иқтибосҳо аз баромадҳо, дастуру супоришҳо ва Паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба Маҷлиси Олӣ ибрози ақида намуданд.
Сипас, ассистенти кафедраи менеҷмент ва маркетинг Қурбонов Некруз дар мавзуи “Артиши миллӣ - ҳимоятгари боэътимоди давлату миллат” ва донишҷӯи курси 1-уми факултет Шарифова Шаҳодат дар мавриди аввалин рӯзҳои таъсисёбии Артиши миллӣ маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир чорабинӣ бо ироаи шеъру таронаҳои ватандорию садоқат ба ватан-модар, Тоҷикистони азиз ба анҷом расид.